Русский
Таджикский
Аксхо
. Возраст открытых памятников каменного века относится в основном VIII-V тысячелетиям до нашей эры

Об барои ҳаёт


Куххои Точикистон


Даркори
http://www.president.tj
http://www.majmilli.tj
http://www.parlament.tj

Мултар

Точикистон

НИЗОМНОМА
Дар бораи Нишони давлатии Чумхурии Точикистон


1. Нишони давлатии Чумхурии Точикистон рамзи истиқлолияти давлатии Чумхурии Точикистон мебошад.
2. Нишони давлатии Чумхурии Точикистон иборат аст аз тасвири точи тансиқшуда ва нимдоира аз хафт ситорае, ки бо нурхои офтоби аз паси куххои барфпуш тулуъкунанда руи онро гирифтааст ва бо чанбаре оро ёфтааст, ки атрофашро аз тарафи рост хушахои гандум ва аз тарафи чап шохахои пахтаи шукуфон ихота кардааст. Болои чанбара бо тасмаи сераха печонда шуда, дар қисми поён руи курсӣ китоби боз чой гирифтааст.
Нишони давлатии Чумхурии Точикистон ранга буда, точ, офтоб, куххо, хушахои гандум, китоб ва курсӣ бо зархал тасвир ёфта, появу баргхои нихолхои пахта сабз, раххои тасмахо сурх, сафед ва сабз буда, муқоваи китоб сурх мебошад.
Тасвири Нишони давлатии Чумхурии Точикистон дар чойхои зайл гузошта мешавад:
а) дар болои бинохои қароргохи расмии Президенти Чумхурии Точикистон, Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Хукумати Чумхурии Точикистон, вазоратхо ва кумитахои давлатии Чумхурии Точикистон; дар болои бинохои Мачлисхои намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, ш.Душанбе, шахрхо, нохияхо, мақомоти хокимияти ичроияи махалхо (хукуматхо), мақомоти худидораи шахрак ва дехот (чамоатхо), судхо, мақомоти прокуратураи Чумхурии Точикистон; дар болои бинохои намояндагихои дипломатию консулӣ ва муассисахои тичоратии дар хорича будаи Чумхурии Точикистон;
б) дар толорхои мачлисхои Президенти Чумхурии Точикистон, Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Раёсати Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Хукумати Чумхурии Точикистон, Мачлисхои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо (хукуматхо), шахри Душанбе, шахрхо, нохияхо, мачлисхои мақомоти худидораи шахрак ва дехот (чамоатхо), инчунин дар хонахо (кабинетхои) кории Президенти Чумхурии Точикистон, Раиси Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва Сарвазири Чумхурии Точикистон, раисони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, ш.Душанбе, шахрхо, нохияхо ва дар толорхои чаласахои судии судхои Чумхурии Точикистон, дар бинохои мақомоти сабти асноди холати шахрвандӣ ва бинохои бақайдгирии тантанавии таваллуд ва ақди никох;
в) дар мухру бланкхои хуччатхои Президенти Чумхурии Точикистон, Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Раёсати Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Хукумати Чумхурии Точикистон, вазоратхо ва кумитахои давлатии Чумхурии Точикистон, Мачлисхои намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, ш.Душанбе, шахрхо, нохияхо, мақомоти хокимияти ичроияи махалхо (хукуматхо), мақомоти худидораи шахрак ва дехот (чамоатхо), судхо ва мақомоти прокуратураи Чумхурии Точикистон, идорахои давлатии нотариалӣ, мақомоти сабти асноди холати шахрвандии Чумхурии Точикистон, инчунин корхонахо, муассисахо ва ташкилотхои чумхуриявӣ, ки бо қонунхои Чумхурии Точикистон ба онхо хуқуқи дар мухру бланкхои хуччатхо чой додани тасвири Нишон дода шудааст;
г) дар нашрияхои расмии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Раёсати Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва Хукумати Чумхурии Точикистон;
д) дар шиносномаи шахрванди Чумхурии Точикистон, инчунин дар шиносномахои дипломатӣ ва дигар шиносномахое, ки ба шахрвандони Чумхурии Точикистон дода мешаванд;
е) дар сутунхои марзӣ, ки дар Сархади давлатии Чумхурии Точикистон насб карда мешаванд.
Қонуни Чумхурии Точикистон холатхои хатман тасвир намудани тархи нишони давлатии Чумхурии Точикистонро пешбинӣ карда метавонад.
Ба корхонахо, муассисахо ва ташкилотхое, ки дар хамин Низомнома номбар шудаанд, хуқуқи истифодаи тасвири Нишони давлатии Чумхурии Точикистонро фақат Хукумати Чумхурии Точикистон дода метавонад.
3. Тачдиди тасвири Нишони давлатии Чумхурии Точикистон сарфи назар аз андозахояш, хамеша бояд дақиқан ба асли тархи ранга, сиёху сафед ва андозаи тасвири Нишон, ки ба хамин Низомнома замима мешавад, мутобиқат намояд.
4. Тартиби тайёр кардани тасвири Нишони давлатии Чумхурии Точикистон, нашри оммавии тасвири Нишон, тартиби истифода, нигохдорӣ ва нест кардани мухре, ки дар он Нишони давлатӣ тасвир ёфтааст, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муқаррар карда мешавад.
5. Ашхосе, ки дар тахқир кардани Нишони давлатии Чумхурии Точикистон гунахкоранд, мувофиқи Қонуни Чумхурии Точикистон ба чавобгарӣ кашида мешаванд.

ҚАРОРИ МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар хусуси тасдиқи Низомнома дар бораи Нишони давлатии Чумхурии Точикистон Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон қарор мекунад:
1. Низомнома дар бораи Нишони давлатии Чумхурии Точикистон тасдиқ карда шавад.
2. Қарори мазкур аз рузи нашраш мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон С.Рачабов
ш.Душанбе, 11 декабри соли 1999
№ 891

НИЗОМНОМА
Дар бораи Парчами давлатии Чумхурии Точикистон

1. Парчами давлатии Чумхурии Точикистон рамзи истиқлолияти давлатии Чумхурии Точикистон мебошад.
2. Парчами давлатии Чумхурии Точикистон матои росткунчаест, ки дар руи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ чойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, пахнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари пахнои яке аз раххои ранга аст. Дар руи рахи сафед, аз чои чубдаста дар мобайни парчам бо зархал рамзи точи тансиқ шуда ва дар болои он хафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.
Точ ва ситорахои парчам дар шакли росткунчае чой дода шудааст, ки пахлуи амудиаш 0,8 ва пахлуи уфуқиаш 1,0-и пахнои рахи сафед аст. Ситорахои панчгуша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и пахнои рахи сафед чой мегиранд.
Точи баландиаш 0,55-и пахнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои точро ташкил медиханд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0, 2-и рахи сафед васл мегарданд.
3. Парчами давлатии Чумхурии Точикистон дар чойхои зайл афрохта мешавад:
дар болои бинохои қароргохи расмии Президенти Чумхурии Точикистон, Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Хукумати Чумхурии Точикистон, судхои Чумхурии Точикистон, мақомоти Хокимияти ичроияи махалхо (хукуматхо), мақомоти худидораи шахрак ва дехот (чамоатхо) - доимӣ;
дар болои биное, ки ичлосияхои Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ё ичлосияхои Мачлисхои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, Мачлисхои вакилони халқи вилоятхо, шахрхо, нохияхо, гузаронда мешаванд - дар тамоми давраи гузаштани ичлосияхо, мачлисхои намояндагон (чамоат)-дар тамоми давраи мачлис; дар болои бинохои вазоратхо, кумитаю идорахои давлатӣ, дигар мақомоти давлатии Чумхурии Точикистон, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо, иттиходияю ташкилотхои чамъиятӣ, дар болои бинохои истиқоматӣ - дар рузхои ид ва рузхои хотиравие, ки қонуни Чумхурии Точикистон муайян намудааст;
дар болои бинохо ва васоити нақлиёти намояндагихои дипломатӣ ва консулӣ, инчунин дар болои иморатхои муассисахои тичоратии дар хорича будаи Чумхурии Точикистон, дар болои васоити нақлиётие, ки дар дохили онхо ба сифати ашхоси расмӣ Президенти Чумхурии Точикистон, Раиси Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Сарвазири Чумхурии Точикистон ё дигар ашхос нишастаанд, - мувофиқи тартиби муқарраркардаи Хукумати Чумхурии Точикистон;
дар бинохои раъйдихӣ - дар рузхои интихобот ва раъйпурсӣ;
дар толорхои чаласахои судии судхои Чумхурии Точикистон;
дар қисмхои харбии Чумхурии Точикистон - мутобиқи оинномахои харбӣ;
дар постгоххои марзӣ (заставахо) ва нуқтахои рухсатдихии (гумрукии) Сархади давлатии Чумхурии Точикистон;
мувофиқи амри Президенти Чумхурии Точикистон, Раёсати Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ё Хукумати Чумхурии Точикистон Парчами давлатии Чумхурии Точикистон инчунин хангоми гузаронидани маросимхо ва дигар чорабинихои тантанавӣ, ки мақомоти давлатӣ мегузаронанд, афрохтан мумкин аст.
4. Парчами давлатии Чумхурии Точикистон дар толорхои мачлисхои Президенти Чумхурии Точикистон, Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Раёсати Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Хукумати Чумхурии Точикистон, Мачлисхои махаллии намояндагони халқи Чумхурии Точикистон, мақомоти хокимияти ичроияи махалхо (хукуматхо), хамчунин дар хонахои (кабинетхои) кории Президенти Чумхурии Точикистон, Раиси Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Сарвазири Чумхурии Точикистон, раисони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахру нохияхо ва хонахое, ки вакилони халқи Чумхурии Точикистон интихобкунандагонро доимо қабул мекунанд, чойгир карда мешавад.
5. Хангоми мотам бо Қарори Президенти Чумхурии Точикистон, Раёсати Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ё Хукумати Чумхурии Точикистон Парчами давлатии Чумхурии Точикистон ба шакли мотамӣ афрохта шуда метавонад. Дар ин маврид ба чубдасти (мехвари фулузӣ) парчам матои тасмашакли сиёх баста мешавад, ки нугхои он бояд то қисми поёни парчам овезон бошад.
Дар сурати бо чубдаста афрохтани парчам хангоми мотам парчам ба андозаи 1/3-и дарозии чубдаста хам карда мешавад.
6. Тасвири Парчами давлатии Чумхурии Точикистон дар киштихои хавоие, ки дар қайди Чумхурии Точикистон мебошанд, чойгир мешавад.
7. Парчами давлатии Чумхурии Точикистон метавонад доимо дар чойхои истирохати шахрвандон, боғхо, хиёбонхо, гулгаштхо, дар болои бинохои истиқоматӣ ва дигар чойхо, инчунин тасвири он ба мақсади ороишӣ ба сифати рамзи давлатӣ ва миллӣ тавре истифода гардад, ки дар ин маврид нисбат ба Парчами давлатии Чумхурии Точикистон бехурматӣ содир нашавад.
8. Парчами давлатии Чумхурии Точикистон ва тасвири он қатъи назар аз андозахои онхо доимо бояд дақиқ ба асли ранг ва асли тасвири нақшагии он, ки ба хамин Низомнома замима мегардад, мутобиқат дошта бошад.
9. Ашхосе, ки ба тахқири Парчами давлатии Чумхурии Точикистон гунахкоранд мутобиқи Қонуни Чумхурии Точикистон чавобгар мебошанд.
10. Тартиби тайёр кардани Парчами давлатии Чумхурии Точикистонро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдиқ менамояд

ҚАРОРИ МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар хусуси тасдиқи Низомнома дар бораи Парчами давлатии Чумхурии Точикистон Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон қарор мекунад:
1. Низомнома дар бораи Парчами давлатии Чумхурии Точикистон тасдиқ карда шавад.
2. Қарори мазкур аз рузи нашраш мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон С.Рачабов
ш.Душанбе, 11 декабри соли 1999
№ 892

ҚОНУНИ
ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи Суруди давлатии Чумхурии Точикистон х
(Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон с.1994, №17-18, мод.306)
Шурои Олии Чумхурии Точикистон қарор мекунад:
1. Тахрири нави матну оханги Суруди давлатии Чумхурии Точикистон бар шеъри
Гулназар Келдӣ ва оханги Сулаймон Юдаков тасдиқ карда шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки ичрои саросарии Суруди давлатии Чумхурии Точикистон, ки бо ин Қонун тасдиқ гардидааст, аз 7 сентябри соли 1994 чорӣ карда мешавад.
3. Фармони Президиуми Совети Олии РСС Точикистон аз 4ноябри соли 1977 "Дар бораи тахрири нави матни Гимни РСС Точикистон" (Ведомостхои Совети Олии РСС Точикистон, 1977, № 23, моддаи 245) беэътибор дониста шавад.
Раиси Шурои Олии
Чумхурии Точикистон Э. РАХМОНОВ
шахри Душанбе, 7 сентябри соли 1994
№ 1074

НИЗОМНОМАИ
Суруди Миллии Чумхурии Точикистон

I. Суруди Миллии Чумхурии Точикистон рамзи давлати сохибихтиёр, демократӣ, хуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ифодагари дустии пойдори хамаи халқу миллатхои кишвар мебошад.
Эхтироми воло ва донистани Суруди Миллии Чумхурии Точикистон вазифаи муқаддаси хар шахрванди кишвар аст.
II. Суруди Миллии Чумхурии Точикистон ичро карда мешавад:
1) хангоми оғозу анчоми ичлосияхои Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, ичлосияхои намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахрхо ва нохияхо, мачлису чамъомадхои тантанавӣ ва дигар чашнхое, ки дар чумхурӣ мувофиқи Қонун иди умумихалқӣ эълон гаштаанд;
2) дар оғози барномахои телевизионӣ дар рузхои идхои умумихалқӣ: 1 январ - Соли Нав, 8 март - Рузи байналхалқии занон, 21-22 март - Иди Навруз, 9 сентябр - Рузи Истиқлолияти Чумхурии Точикистон, 6 ноябр - Рузи Конститутсия;
3) хамаруза дар ибтидо ва анчоми барномахои радиои умумичумхуриявии Точикистон;
4) хангоми гузаронидани чамъомаду чашнхо ва тадбирхои дигар, ки мақомоти давлатӣ ва иттиходияхои чамъиятӣ, корхона, муассисахо ва ташкилотхо мувофиқи ичозати Хукумати Чумхурии Точикистон созмон медиханд;
5) хангоми маросимхои расмии пардабардорӣ аз руи хайкалхо, мучассамахо, лавхахои ёдбуд ва дигар иншоотхои мансуб ба мухимтарин воқеахои таърихии хаёти чамъиятию давлатӣ, ба шарафи ходимони сиёсӣ, давлатӣ, харбӣ, қахрамонони халқӣ, ходимони илм, адабиёт ва фарханг;
6) хангоми сарфароз гардонидани Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, нохияхо, шахрхо, махаллхои ахолинишин, корхона, муассиса ва ташкилотхо бо мукофоти давлатӣ;
7) хангоми барафроштани Парчами Давлатии Чумхурии Точикистон дар маросимхо ва дигар чорабинихои тантанавӣ, ки ташкилотхои давлатӣ ва чамъиятӣ, идорахо, муассисаю корхонахо мегузаронанд;
8) хангоми пешвозгирӣ ва гуселонидани сарварони давлатхо ва хукуматхои давлатхои хоричӣ, ки ба чумхурӣ расман ташриф меоранд - баъди ичрои Суруди Миллии давлати мехмонони хоричӣ.
Қонунгузории чумхурӣ метавонад дар холатхои дигар ичрои хатмии Суруди Миллии Чумхурии Точикистонро пешбинӣ намояд.
9) Суруди Миллии Чумхурии Точикистонро дар холатхои дигар бо қарори мақомотхои давлатию чамъиятӣ, рохбарони муассисахо корхонахо, ташкилотхо бо риояи талаботи хамин Низомнома ичро кардан мумкин аст;
10) Суруди Миллии Чумхурии Точикистонро ба тариқи оркестр (созӣ), хор, оркестрӣ-хорӣ ё худ тариқи овозию созӣ ичро кардан мумкин аст. Дар ин хол аз воситахои сабти овоз метавон истифода бурд.
Дар холати ичро кардани Суруди Миллӣ ба тариқи овозию созӣ он пурра сароида мешавад, агар Суруд ба тариқи созӣ қисман ичро гардад, сарахбори хор ва нақаротро як бор навохтан мумкин аст;
11) Суруди Миллии Точикистон бояд сахех, мувофиқи матн ва мусиқии Суруд, ки бо Қонуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи Суруди Миллии Чумхурии Точикистон" аз 7 сентябри соли 1994 Шурои Олии Чумхурии Точикистон тасдиқ шудааст, ичро карда шавад;
12) хангоми ичро гардидани Суруди Миллии Чумхурии Точикистон иштирокдорони чорабинихои оммавӣ Сурудро рост истода гуш мекунанд;
13) Суруди Миллии Чумхурии Точикистон дар қисмхои харбӣ низ мувофиқи хамин Низомнома ва муқаррароти Оинномахои умумихарбии Қуввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон ичро карда мешавад;
14) ичрои Суруди Миллии Чумхурии Точикистон дар мақомоти корхои дохилӣ аз чониби хайати қаторию хайати фармондехии он, дар мактабхои олии он тибқи муқаррароти Вазири корхои дохилии Чумхурии Точикистон сурат мегирад;
15) дар мактабхои системаи маълумоти хамагонӣ, касбӣ, тайёрии махсус ва олии чумхурӣ хангоми маросимхои тантанавӣ Суруди Миллии Чумхурии Точикистон тибқи тартиби муқарраркардаи Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон ичро мегардад;
16) хангоми гузаронидани мусобиқахои дохиличумхурӣ ва байналхалқии варзишӣ Суруди Миллии Точикистон мутобиқи муқаррароти Кумитаи тарбияи чисмонӣ ва варзиши назди Хукумати Точикистон, Кумитаи миллии олимпии Точикистон, федератсияхои намудхои варзиши Точикистон ва ризоияти Иттифоқхои касаба, Созмони чавонони Точикистон, Ташкилоти мусоидати мудофиа (ТММ) ичро карда мешавад.
Маросими ичрои Суруди Миллии Чумхурии Точикистон хангоми гузаронидани мусобиқоти спортӣ бо назардошти тачрибаи дар амал будаи ташкилотхои байналхалқии спортӣ муайян карда мешавад.
17) хангоми аз тарафи идораю ташкилотхои чумхурӣ дар давлатхои хоричӣ гузаронидани чорабинихо Суруди Миллии Точикистон тибқи тартиби муайянкардаи Вазорати корхои хоричии Точикистон, бо назардошти анъаноти расму тартиби он давлат ичро карда мешавад;
18) назорат аз болои ичрои амиқи хамин Низомнома ба ухдаи рохбарони ташкилотхои давлатию чамъиятӣ, идораю муассисахо вогузор мегардад.
Дар он холатхое, ки Суруди Миллии Чумхурии Точикистон хангоми барафроштани Парчами Давлатии Точикистон ичро мегардад, риояи қатъии Низомномаи Суруди Миллии Точикистон ва Дастури тарзи татбиқи он ва назорати ичрои аниқи он низ ба ухдаи мақомоти рохбарикунанда ва шахсони мансабдори масъул гузошта мешавад. Шахсони ба тахқир кардани Суруди Миллии Чумхурии Точикистон ва дар вайрон кардани он гунахкор, мутобиқи қонунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгарӣ кашида мешаванд.

ҚАРОРИ МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
Дар хусуси тасдиқи Низомнома дар бораи Суруди Миллии Чумхурии Точикистон

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон қарор мекунад:
1. Низомнома дар бораи Суруди Миллии Чумхурии Точикистон тасдиқ карда шавад.
2. Қарори мазкур аз рузи нашраш мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон С.Рачабов
ш.Душанбе, 11 декабри соли 1999
№ 888

Суруди миллии
Чумхурии Точикистон

Шеъри Гулназар Келдӣ
Оханги Сулаймон Юдаков

Диёри арчманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дурии замонахо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем,
кашидаем
Зинда бош эй Ватан,
Точикистони озоди ман!
Барои нангу номи мо
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,
Ту бахри ворисон чахони човидонаӣ,
Хазон намерасад ба навбахори ту,
Ки мазраи вафо бувад канори ту,
канори ту
Зинда бош эй Ватан,
Точикистони озоди ман!
Ту модари ягонаӣ,
Бақои ту бувад бақои хонадони мо,
Мароми ту бувад мароми чисму чони мо,
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту хастиву хама чахон хабиби мост,
хабиби мост,
Зинда бош эй Ватан,
Точикистони озоди ман!


Copyright by tajik-embassy